Cанаи узвияти Тоҷикистон бо СММ таҷлил мегардад
Душанбе, 21 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-2 марти соли равон аз рӯзи ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Дар робита ба ин рӯйдоди таърихӣ 2-3 марти соли 2012 дар Душанбе таҳти унвони «20 — солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, парлумон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва олимону коршиносон ширкат намоянд. Дар конфронс дастовардҳои 20 соли узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, хусусан ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, инчунин масоили назариявӣ ва амалии фаъолияти он мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пазируфта шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






