Чемпионати вилоятӣ доир ба волейбол байни духтарон

Февраль 21, 2012 11:59

Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд чемпионати вилоятӣ доир ба волейбол байни духтарони соли таваллуди 1995 бахшида ба 20 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар мусобиқа аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Ҷ.Расулов, Ашт, Шаҳристон ва Спитамен зиёда аз 84 нафар варзишгар ширкат варзиданд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки варзишгарони дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба гирифтани ҷои якум, дастаи ноҳияи Ашт ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Спитамен ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Февраль 21, 2012 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд