Чор ҳазору 700 оила куҷо мераванд?
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти роҳбари Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» Рамазон Мирзоев, ҷубронпулии муҳоҷирони дохилӣ се маротиба зиёд карда шуд. Агар дар давоми солҳои 2009 – 2010 ба муҳоҷирон ҳамагӣ 13 млн. сомонӣ пардохт шуда бошад, дар соли 2011 ба онҳо 39 млн. сомонӣ маблағ пардохт гардидааст. Ба иттилои Р. Мирзоев, ҷубронпулӣ ба муҳоҷирони дохилӣ ва бахусус ба онҳое, ки аз минтақаи сохтмони Роғун кӯчонида мешаванд, қисм – қисм дода мешавад. Дар навбати аввал 30 фоиз ва маблағи боқимонда баъди кӯчонидан дода мешавад. Ин ба он хотир аст, ки маблағ аз рӯи таъинот истифода намешавад. Баъзеҳо ба ҷойи сохтмони манзил маблағи гирифтаро мошин мехаранд ё онро ба кори тиҷорат сарф мекунанд,- афзуд Р.Мирзоев. Арзиши манзили зист аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муайян карда мешавад. Нархи миёнаи манзили зисти муҳоҷирон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Бояд ёдовар шуд, ки кӯчонидани муҳоҷирони маҳаллӣ аз минтақаи сохтмони Роғун ҳанӯз соли 2009 оғоз ёфта буд. Дар доираи татбиқи барномаи кӯчонидани муҳоҷирон 4 ҳазору 700 оила ё 30 ҳазор нафар сокини 63 деҳаи атрофи Роғуну Нуробод то соли 2015 ба ноҳияҳои Данғара, Дарбанд, Турсунзода ва маҳаллаи Теппаи Самарқандии канори шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






