Чор ҳазору 700 оила куҷо мераванд?

Февраль 8, 2012 10:27

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти роҳбари Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» Рамазон Мирзоев, ҷубронпулии муҳоҷирони дохилӣ се маротиба зиёд карда шуд. Агар дар давоми солҳои 2009 – 2010 ба муҳоҷирон ҳамагӣ 13 млн. сомонӣ пардохт шуда бошад, дар соли 2011 ба онҳо 39 млн. сомонӣ маблағ пардохт гардидааст. Ба иттилои Р. Мирзоев, ҷубронпулӣ ба муҳоҷирони дохилӣ ва бахусус ба онҳое, ки аз минтақаи сохтмони Роғун кӯчонида мешаванд, қисм – қисм дода мешавад. Дар навбати аввал 30 фоиз ва маблағи боқимонда баъди кӯчонидан дода мешавад. Ин ба он хотир аст, ки маблағ аз рӯи таъинот истифода намешавад. Баъзеҳо ба ҷойи сохтмони манзил маблағи гирифтаро мошин мехаранд ё онро ба кори тиҷорат сарф мекунанд,- афзуд Р.Мирзоев. Арзиши манзили зист аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муайян карда мешавад. Нархи миёнаи манзили зисти муҳоҷирон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Бояд ёдовар шуд, ки кӯчонидани муҳоҷирони маҳаллӣ аз минтақаи сохтмони Роғун ҳанӯз соли 2009 оғоз ёфта буд. Дар доираи татбиқи барномаи кӯчонидани муҳоҷирон 4 ҳазору 700 оила ё 30 ҳазор нафар сокини 63 деҳаи атрофи Роғуну Нуробод то соли 2015 ба ноҳияҳои Данғара, Дарбанд, Турсунзода ва маҳаллаи Теппаи Самарқандии канори шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.

Февраль 8, 2012 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд