Д. Саидов: «Муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Фаронса вусъат мехоҳанд»
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса 23 феврал дар ҷараёни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбари намояндагии иқтисодии Фаронса дар Осиёи Марказӣ Жан Фаронса Дати ва Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо фаъолияти ширкатҳои фаронсавӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Фаронса маблағгузоришаванда, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони терминали нави муосир дар шаҳри Душанберо матраҳ карданд.Зимни мулоқот Д. Саидов ҷараёни мусоиди рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳоро қайд намуда, аз нишондиҳандаҳои пасти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар дар ҳолати мавҷудияти имконоту иқтидорҳои бузурги рушди воқеии онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Раиси Кумита гуфт, ки таҷрибаи фаъолияти судманди ширкатҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон воқеан назаррас аст, вале ин ҷараён боз ҳам вусъат мехоҳад. Дар ин замина зарур аст, ки чораҳои амалӣ ҷиҳати мунтазам иттилоотонидани доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони фаронсавӣ ва имконияту иқтидорҳои сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути ташкили анҷуманҳои сармоягузориву соҳибкории ҳарду давлат андешида шаванд. Дар навбати худ ҷониби фаронсавӣ ҳавасмандии воқеии Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронсаро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон изҳор намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадаф омодагии комилро барои ҳамкории зич бо Кумита баён намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






