Дар ВМКБ Ассосиатсияи созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис меёбад

Февраль 1, 2012 11:06

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – «Мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» — чунин буд мавзӯи ҷаласаи навбатии клуби матбуотии Намояндагии бунёди русиягии «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» дар шаҳри Хоруғ, ки онро журналистон мавриди муҳокима қарор доданд. Дар мубоҳиса намояндагони ВАО, сохторҳои давлатӣ, Бунёди Оғохон, кумитаи ҷавонон, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев иштирок намуданд.Роҳбари Намояндагии бунёди «ИЕИ» дар шаҳри Хоруғ Гулос Раҳматшоев ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ба иштирокдорони он аз фаъолияти созмон ва ҳамкории он бо як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ нақл кард.Мувофиқи суханони яке аз иштирокдорони ҷаласа — директори ҶК «Волонтёр» Маҳрам Азизмаҳмадов, ҳоло ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ ба қадри зарурӣ рушд наёфтааст, бинобар ин вақти он расидааст, ки саъю кӯшишҳои созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муттаҳид сохта шавад. Сипас раиси ҶК «Маърифат» Шамсиддин Шоиқов пешниҳод намуд, ки Ассосиатсияе таъсис дода шавад, ки ҳамаи созмонҳои ҷамъиятии вилоятро муттаҳид сохта, дар оянда ҳар моҳ маҷлисҳо доир намояд. Дар анҷоми кори клуби матбуотӣ иштирокдорони он гурӯҳи ибтикориро ҷиҳати ташкили Ассосиатсия таъсис доданд, ки ба он аксарияти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид шуданд.Дар ин бора роҳбари филиали дар Хоруғбудаи Намояндагии Бунёди русиягии «ИЕИ» дар ҶТ Гулос Раҳматшоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Февраль 1, 2012 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!