Дар як сол 32 ярмарка бо пешниҳоди ҷойи кор
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода, Зулайхо Каримова). -Дирӯз дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ярмарка роҳбарони 65 корхонаю муассисаи шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷӯён 1793 ҷойи кори холиро пешниҳод намуданд. Аз ин миқдор ҷойи кори холӣ 874 ҷой ба ихтисоси занона мансуб буд. Музди миёнаи меҳнат 402 сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2011 бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ярмарка гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо аз ҷониби 1256 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳри Душанбе 63 ҳазору 475 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод ба корҷӯён пешниҳод шудааст. Тавассути ин ярмаркаҳо 1183 нафар- 487 зан ва 302 ҷавон бо кори доимӣ таъмин шуда, 415 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






