Дастаи мунтахаби футболи тоҷик омодагиро дар Туркия ба анҷом расонид
Душанбе, 22 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар давоми 10 рӯз таҳти сарварии мураббии тозаинтихоби босниягии худ Камол Алиспахич тайёрии худро ба бозии навбатии интихобии Ҷоми ҷаҳон бо дастаи мунтахаби Куриёи Шимолӣ ва Ҷоми даъвати конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Белеки Туркия ба анҷом расонид. Ду бозии тарҷрибавӣ бо дастаҳои «Шуртан» (1:2) ва «Нистру» (0:2) барои мураббии даста аз дарсҳое буданд, ки гуфтааст: «Натиҷаи бозиҳо барои мо он қадар муҳим нестанд ва онҳо танҳо таҷрибавӣ буданд. Барои мо тайёрӣ ба бозӣ бо дастаи Куриё ва Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё муҳим аст». Шоми имрӯз даста вориди Душанбе мешавад ва аъзои он рӯзи 25 феврал дар шаҳри Хуҷанд барои баргузор кардани вохӯрӣ бо дастаи Куриёи Шимолӣ аз нав ҷамъ хоҳанд омад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






