Душанбе яке аз шаҳрҳои зеботарин дар Осиёи Марказӣ

Февраль 20, 2012 09:23

Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии сохтмон ва меъмории ҶТ, баъди ду даҳсола пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарин Осиёи Марказӣ табдил меёбад.
 
Дар солҳои 2012- 2013 дар пойтахти кишвар ба маблағи 91 млн. доллари амрикоӣ 6 лоиҳаи сармоягузории ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад.Тибқи маълумоти манбаъ, ҳоло дар шаҳри Душанбе 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 46 млн. доллар мавриди татбиқ карор доранд. Танҳо дар давоми 6 соли охир дар пойтахти кишвар ба маблағи 156 млн. доллар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шудаанд. Дар назар аст, ки ду соли оянда дар баробари бунёди марказҳои сершумори тиҷоратию хизматрасонӣ биноҳои бисёрқабатаи дорои таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ бунёд хоҳанд шуд. Душанбе ба ситорашаҳрҳои Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт.

Февраль 20, 2012 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд