Дуздии молу ашё дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар»,Назрулло Асозода).- 23 феврал аризаи шаҳрванд Абдуламинов Б., соли таваллудаш 1967, сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардид, ки шаби 23 феврали ҳамин сол шахси номаълум пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш молу ашёи рӯзгорро ба маблағи 4905 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Самизода Фаридуни Нур, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, бекор, дастгир карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






