Хавфи паҳншавии малах пешгирӣ мешавад
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо мақсади татбиқи Барномаи минтақавии «Мубориза бар зидди малах дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз дар соли 2012» ва расонидани кӯмак ба ноҳияҳое, ки ба онҳо хатари малах бештар таҳдид менамояд, санаи 8.02.2012 Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ба Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» кӯмаки якдафъаина расонид.Кӯмаки мазкур аз 1 адад алоқаи моҳворагӣ, 5 адад дастгоҳи ҶПС, 20 дона дорупошаки дастии «Улва», 5 дона дорупошаки АИ-800, 3 ҷуфт лавозимоти мушоҳида, 1 дона дорупошаки АИ-8115 ва 30 ҷуфт либоси муҳофизавӣ иборат мебошад. Тибқи руйхат мавод ба минтақаҳое, ки ба онҳо хатари малах бештар таҳдид менамояд, супорида мешавад. Дар натиҷаи сари вақт андешидани тадбирҳои фаврӣ пеши роҳи зарароварии малах ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор гирифта хоҳад шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






