Хоҳиши ШСХК «Барқи тоҷик»
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Дафтари матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» тавассути шабакаҳои маҳаллии телевизиони миллӣ аз аҳолии пойтахт хоҳиш намуд, ки қувваи барқро сарфакорона истифода намоянд. Дар ин муроҷиатнома, аз ҷумла, зикр гардид, ки барои роҳ надодан ба садамаҳои калон сокинони пойтахт бояд қувваи барқро сарфакорона истифода намоянд, зеро имрӯз ягона манбаи гармидиҳӣ қувваи барқ мебошад. Барои ин дар ҳамаи қитъаҳои шаҳри Душанбе ба манзури рафъи нуқсонҳо гурӯҳҳои ахсуси иловагӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Сокинони Тоҷикистон ҳар шабонарӯз баробари 1,4 – 1,5 миллион киловатт – соат қувваи барқ мегиранд, ки ин нисбат ба соли 2010 – ум 6,5 – 7 миллион киловатт – соат зиёд аст. Хотирнишон месозем, ки телефонҳои навбатдорони ШСХК «Барқи тоҷик», ки рӯзу шаб кор мекунанд, чунинанд: 37-883-55-22, 37-883- 55- 11.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






