Ифтитоҳи маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав

Февраль 23, 2012 10:59

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Шоми 21 феврали соли равон дар шаҳри Маскав маросими расмии ифтитоҳи Маркази фарҳангии тоҷикон бо номи «Хайём» баргузор гардид. Дар он намояндагони ниҳодҳои гуногуни Русия, аз ҷумла ҳукумат, Думаи давлатӣ, вазорату идораҳо, шаҳрдорӣ, роҳбарону намояндагони ҳайати дипломатии кишварҳои хориҷии воқеъ дар шаҳри Маскав, аҳли илму фарҳанг ва тоҷикистониёни муқими Русия иштирок намуданд.Ҳанӯз қабл аз оғози расмии чорабинӣ оҳангу навоҳои тоҷикӣ дар толори бинои мӯҳташами «Хайём» (воқеъ дар кӯчаи Тверская-Ямская), ки бо нақшу нигор ва кандакориҳои миллӣ бунёд ёфтааст, танинандоз буду меҳмонон бо маҳсули эҷоди рассомони тоҷики муқими Маскав Хушбахт Хушвақтов ва Қодир Раҳимов, ки ба маърази намоиш гузошта шуда буд, ошно гардиданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдумаҷид Достиев меҳмононро хайрамақдам гуфта, кушода шудани Маркази фарҳангии тоҷиконро далели рӯшани сатҳи хуби равобити дӯстона миёни Тоҷикистону Русия хонд. Ӯ дар бораи муносибатҳои дуҷониба, мақсаду ҳадафҳои таъсиси маркази фарҳангӣ сухан ронда, аз ҷумла таъкид кард: «Мо дар давраи душвори зиндагӣ дӯсту душмани худ ва махсусан дӯстони наздиктаринамонро хуб шинохтаем. Ба пешрафти Русия натанҳо шаҳрвандони Русия, балки мо низ чун дӯсти ин кишвар манфиатдорем. Ташаккур ба роҳбарияту ҳукумати Русия, ки ба мо, тоҷикон, имкон доданд, то дар дили кишварашон- маркази Маскав дари чунин маркази фарҳангиро барои муаррифии фарҳанг, арзишу суннатҳои миллӣ, ғояву ҷаҳонбинӣ ва умуман, тарзи ҳаёти тоҷикон боз намоем. Фарҳанг ва илму ҳунар дар офариниши миллат нақши хос дорад ва ошноии бештар аз фарҳанги ҳамдигар моро боз ҳам наздиктар мекунад».Сипас собиқ Раиси Думаи Давлатии Русия Генадий Селезнёв таъсиси Маркази фарҳангии тоҷиконро ба аҳли нишаст муборакбод гуфта, изҳори умед кард, ки марказ бо барномаҳои пурмӯҳтаво, доир намудани нишасту ҳамойишҳои мухталифи фарҳангӣ ва муаррифии анвои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ дар таҳкиму густариши муносибатҳои неки миёни Тоҷикистону Русия нақши фаъол хоҳад дошт.Вакили Думаи давлатии Русия Рамазон Абдулатипов, ки муддате ба ҳайси Сафири Русия дар Тоҷикистон низ фаъолият дошт, кушода шудани Маркази фарҳангиро ба тоҷикону тоҷикистниён ва ҳозирин муборакбод гуфта, дар бораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон, бахусус назми оламгир ва суннату вежагиҳои мардуми тоҷик бо самимияту муҳаббати хос сухан ронд. Тавре ӯ зикр кард: «Мардуми тоҷик соҳиби фарҳанги бузург буда, мардуми шоир ва соҳибилҳоманд. Дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар суннату вежагиҳои волои миллӣ бештару беҳтар ҳифз шудаанд». Ҳамчунин, ӯ аз муносибатҳои неки Тоҷикистону Русия, саҳми роҳбарони ду кишвар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар роҳи рушди беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвар хотирнишон намуд.Дар рафти чорабинӣ порае аз филми коргардони маъруфи рус, ҳунарпешаи шинохтаи театру кино Борис Токарев, ки соли гузашта дар бораи ифтихори тоҷикону кулли форсигӯёни олам, шоири файласуф Умари Хайём бардошта буд, намоиш дода шуд. Б. Токарев пас аз шодбошии аҳли нишаст, дар бораи шахсияти Умари Хайём, ҷараёни наворбардории филми ёдшуда ва заҳмати ҳунарпешагон ёдовар шуда, нақшофарону дастандаркорони филмро, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, муаррифӣ намуд.Ӯ таъкид кард, ки филми мазкур, ба наздикӣ тавассути шабакаи телевизионии Русия «Култура» пурра намоиш дода хоҳад шуд. Барои комёбии эҷодӣ Б. Токарев ва офарандаи яке аз нақшҳои асосии филм Людмила Гладонко, аз ҷониби Г. Селезнёв бо медал сарфароз гардонида шуданд.Дар бахши дуюми чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик манзур карда шуд. Рақсу навоҳои дилошӯби миллӣ, аз ҷумла оҳангҳои дилошӯб дар иҷрои ҳунарманд Равил Фасахов, сурудҳои ҳунарманди шинохта Исматулло Холиқов ва бахусус, таронаҳои дилангези овозхону оҳангсози писандида Далер Назаров хотири меҳмононро шод гардонанд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Февраль 23, 2012 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад