Интиқоди вазир аз ноширон

Февраль 22, 2012 11:03

Душанбе, 22 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нуриддин Саидов, вазири маорифи ҷумҳурӣ бо роҳбарону намояндагони нашриётҳое, ки ба чопи китобҳои дарсӣ машғуланд, мулоқот анҷом дод. Вазир дар мавриди ба таъхир афтодани мӯҳлати нашри қисми зиёди китобҳои дарсӣ аз ҷониби нашриётҳо ноширонро интиқод намуд. Мавсуф роҳбарону намояндагони нашриётҳоро вазифадор кард, ки то 12 марти соли равон китобҳои боқимондаро чоп кунанд ва ба вазорати маориф таҳвил диҳанд. Тибқи иттилои Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, алҳол 31 номгӯй китоби дарсӣ дар дасти чоп буда, танҳо се номгӯй пурра ва боқимондааш қисман ва тамоман чоп нашудааст. Ҳол он, ки тибқи қарордоди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва нашриётҳо, аз мӯҳлати иҷрои чопи китобҳои дарсӣ ним сол сипарӣ гардидааст. Вазири маориф ҳамзамон ба масъалаи сифати чопи китобҳои дарсӣ дахл намуда, гуфт, ки афзалият ба он нашриётҳое дода мешавад, ки китобҳои дарсиро саривақт ва бо сифати баланд чоп намоянд. Дар мулоқот бо вазир роҳбарону намояндагони 18 нашриёте, ки ба чопи китобҳои дарсӣ сару кор доранд, ҳузур доштанд.

Февраль 22, 2012 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад