Интиқоди вазир аз ноширон
Душанбе, 22 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нуриддин Саидов, вазири маорифи ҷумҳурӣ бо роҳбарону намояндагони нашриётҳое, ки ба чопи китобҳои дарсӣ машғуланд, мулоқот анҷом дод. Вазир дар мавриди ба таъхир афтодани мӯҳлати нашри қисми зиёди китобҳои дарсӣ аз ҷониби нашриётҳо ноширонро интиқод намуд. Мавсуф роҳбарону намояндагони нашриётҳоро вазифадор кард, ки то 12 марти соли равон китобҳои боқимондаро чоп кунанд ва ба вазорати маориф таҳвил диҳанд. Тибқи иттилои Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, алҳол 31 номгӯй китоби дарсӣ дар дасти чоп буда, танҳо се номгӯй пурра ва боқимондааш қисман ва тамоман чоп нашудааст. Ҳол он, ки тибқи қарордоди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва нашриётҳо, аз мӯҳлати иҷрои чопи китобҳои дарсӣ ним сол сипарӣ гардидааст. Вазири маориф ҳамзамон ба масъалаи сифати чопи китобҳои дарсӣ дахл намуда, гуфт, ки афзалият ба он нашриётҳое дода мешавад, ки китобҳои дарсиро саривақт ва бо сифати баланд чоп намоянд. Дар мулоқот бо вазир роҳбарону намояндагони 18 нашриёте, ки ба чопи китобҳои дарсӣ сару кор доранд, ҳузур доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






