Истифодаи меҳнати наврасон дар кишоварзӣ пешгирӣ мешавад

Февраль 10, 2012 17:06

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз бо дастгирии Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Дар нишаст раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон А.Шарипов доир ба паҳлӯҳои гуногуни истифодаи меҳнати бачаҳо ва пешгирии шаклҳои номатлуби он сухан гуфтанд.  Сипас намояндагони воситаҳои ахбори омма перомуни пешгирии истифодаи меҳнати наврасон, сабабҳо, таъсир ва вазъи ҷисмонию саломатии онҳо саволу дархост намуданд. Ба ҳамаи саволҳо аз тарафи намояндагони Иттиҳодияи корфармоёни ҷумҳурӣ ва мутахассисони вазорати кишоварзӣ ҷавобҳои муфассал дода шуд. Ёдовар мешавем, ки 27-28 январи соли равон бо иштироки аъзои Иттиҳодияи корфармоён, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор ва Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон машварат доир гардида буд, ки дар кори он муовини вазири кишоварзӣ Ю.Султонноёбов иштирок намуда, доир ба истифодаи меҳнати наврасон дар соҳаи кишоварзӣ ва пешгирии паҳлӯҳои номатлуби он ҳарф зад.

Февраль 10, 2012 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд