Истифодаи меҳнати наврасон дар кишоварзӣ пешгирӣ мешавад
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз бо дастгирии Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Дар нишаст раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон А.Шарипов доир ба паҳлӯҳои гуногуни истифодаи меҳнати бачаҳо ва пешгирии шаклҳои номатлуби он сухан гуфтанд. Сипас намояндагони воситаҳои ахбори омма перомуни пешгирии истифодаи меҳнати наврасон, сабабҳо, таъсир ва вазъи ҷисмонию саломатии онҳо саволу дархост намуданд. Ба ҳамаи саволҳо аз тарафи намояндагони Иттиҳодияи корфармоёни ҷумҳурӣ ва мутахассисони вазорати кишоварзӣ ҷавобҳои муфассал дода шуд. Ёдовар мешавем, ки 27-28 январи соли равон бо иштироки аъзои Иттиҳодияи корфармоён, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор ва Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон машварат доир гардида буд, ки дар кори он муовини вазири кишоварзӣ Ю.Султонноёбов иштирок намуда, доир ба истифодаи меҳнати наврасон дар соҳаи кишоварзӣ ва пешгирии паҳлӯҳои номатлуби он ҳарф зад.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






