Китоби муфид доир ба сиёсати хориҷӣ

Февраль 21, 2012 10:53

Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Зафар Сайидзода: «Ҳамоҳангии авлавиятҳои назарраси геополитикӣ бо диверсификатсияи равобити байналмилалӣ амалияи муқаррарӣ дар сиёсати хориҷии аксари давлатҳои муосир аст».  Дар нашриёти «Контраст» — и пойтахт нашри чоруми китоби номзади илмҳои фалсафа, мушовири калони Сарвари давлати Тоҷикистон Зафар Сайидзода таҳти унвони «Манфиатҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳудуди асрҳо» нашр шуд. Ин дафъа монографияи мазкур дар таҳрири нав интишор гардида ва барои хонандаи сершумор пешбинӣ шудааст. Бинобар ин нусхаи электронии он дар интернет – сомонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад. Хонанда монографияи дар асоси маводи бузурги аслии марбут ба фаъолияти Президент ва идораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибёфтаро қироат намуда, мутмаин мешавад, ки сиёсати хориҷии давлатамон дар прагматизми солим, созандагӣ, возеҳу шаффофият ва ҷустуҷӯи умумияти манофеи асосӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳон қарор дорад.Ин нахустин китоб доир ба таърихи раванди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он иқдоми сиёсати хориҷӣ, ибтикорот ва мулоқоту гуфтушунидҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи аввали истиқлолият муфассал ва саҳеҳу боэътимод инъикос ёфтаанд.

Февраль 21, 2012 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд