Китоби муфид доир ба сиёсати хориҷӣ
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Зафар Сайидзода: «Ҳамоҳангии авлавиятҳои назарраси геополитикӣ бо диверсификатсияи равобити байналмилалӣ амалияи муқаррарӣ дар сиёсати хориҷии аксари давлатҳои муосир аст». Дар нашриёти «Контраст» — и пойтахт нашри чоруми китоби номзади илмҳои фалсафа, мушовири калони Сарвари давлати Тоҷикистон Зафар Сайидзода таҳти унвони «Манфиатҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳудуди асрҳо» нашр шуд. Ин дафъа монографияи мазкур дар таҳрири нав интишор гардида ва барои хонандаи сершумор пешбинӣ шудааст. Бинобар ин нусхаи электронии он дар интернет – сомонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад. Хонанда монографияи дар асоси маводи бузурги аслии марбут ба фаъолияти Президент ва идораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибёфтаро қироат намуда, мутмаин мешавад, ки сиёсати хориҷии давлатамон дар прагматизми солим, созандагӣ, возеҳу шаффофият ва ҷустуҷӯи умумияти манофеи асосӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳон қарор дорад.Ин нахустин китоб доир ба таърихи раванди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он иқдоми сиёсати хориҷӣ, ибтикорот ва мулоқоту гуфтушунидҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи аввали истиқлолият муфассал ва саҳеҳу боэътимод инъикос ёфтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






