Конимансури калон — лоиҳаи тағйирдиҳанда
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар»). – Рушди истихроҷи маъдан, истифодаи самарабахшу оқилонаи захираҳои табиӣ барои Ҳукумати Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятдори рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ташкили иқтисодиёти рақобатпазиру тағйирдиҳанда мебошад. Ин соҳа нерӯи бузурги рушду густариш дошта, метавонад иқтидори бузурги тараққии саноати мамлакат гардида ва ба ворид шудани Тоҷикистон ба қатори давлатҳои бузурги истихроҷкунандаи маъдан мусоидат намояд. Соли 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ташкили тендери шаффофи байналмилалӣ барои ҷалби сармоягузории инфиродӣ ҷиҳати истихроҷи комплексии кони нуқраи Конимансури калон – ро ба миён гузошт. Ҳукумат бо дар назардошти аҳамияти стратегӣ доштани Лоиҳаи Конимансури калон аз рӯзҳои аввали раванди тендерӣ вазифаи татбиқи лоиҳаи мазкур бо назардошти амалияи беҳтарини байналмилалӣ ва риояи стандартҳои сифат, шаффофият ва таъмини тендери одилонаю шаффофро ба миён гузошт. Бо ин мақсад Ҳукумат тасмим гирифт, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявиро ба ҳайси мушовир ҷалб намояд. Корпоратсияи мазкур узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ буда, дар амри ташкилу роҳандозӣ намудани тендерҳои байналмилалӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар бахши истихроҷи маъдан, мавқеи пешсафӣ ва таҷрибаи ғанӣ дорад. Лоиҳаи истихроҷи кони нуқраи Конимансури калон як навъ кашшофи нахуст гардид, зеро роҳандозӣ намудани чунин тендери миқёсан калони байналмилалӣ барои Тоҷикистон таҷрибаи аввалин дар роҳи ҷалби сармояҳои калон ба соҳаи истихроҷи маъдани мамлакат маҳсуб мешавад. Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз душвориҳои рӯи кор овардани Лоиҳа, дар байни кишварҳои сармоягузор, ҷамъан 9 дархости ихтисосӣ ба даст омад, ки 7 – тои онҳо аз сармоягузорони байналмилалӣ буда, коршиносон онҳоро ҳамчун натиҷаи хуб арзёбӣ менамоянд. Барои муқоиса бояд гуфт, ки 5 тендери калон, ки аз соли 2007 то соли 2009 дар соҳаи истихроҷи маъдани кишварҳои мухталиф гузаронида шуд, бо пешниҳоди ба таври миёна 7 дархости ихтисосӣ анҷом ёфтанд. Ҷалби чунин сармоягузорони пешсафи байналмилалӣ, аз қабили ВНР Billiton Гленкор ва Зийжинро муваффақияти бешубҳа шумурдан мумкин аст. Баъди таҳлили муфассали дархостҳои пешниҳодшуда рӯйихати мухтасари иштирокдорони тендер ба 4 иштироккунанда: Консорсиуми ширкатҳои Казтсинк, Гленкор Конимансур ва Адрасмон, ширкатҳои ВНР Billiton Гленкор, Зийжин JNMC шомил карда шуданд. Таҷрибаи таҳияи санадҳои тендерӣ заминаи хубе барои такмили қонунгузории бахши истифодаи қаъри замин гардид. Бо супориши Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Барномаи давлатии беҳдошти вазъи сармоягузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри заминро таҳия намуда, ҳоло лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи қаъри замин ва истифодаи он» тартиб дода мешавад. Лоиҳаи Конимансури калон нахустин лоиҳаи миқёсан калони соҳаи истихроҷи маъдани кишвар буда ва татбиқи муваффақонаи он ба иқтисодиёт ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаи бузург мебахшад.Татбиқи лоиҳа мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷомеаи сармоягузории ҷаҳон самараи хуб бахшида ва кӯмак мекунад, ки нерӯи сармоягузории мамлакат ошкор намуда, сармояҳои хориҷӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ҷалб карда шаванд. Фоидаҳои минбаъдаи молиявӣ аз чунин самара метавонад баробари миллиардҳо доллар гардида ва ҳатто аз ҳаҷми сармоягузории мустақими молиявии худи Лоиҳа ҳам пеш гузарад. Лоиҳа бар иловаи ба буҷаи кишвар ворид шудани сармояҳои мустақим барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, яъне барои фароҳам овардани чандин ҳазор ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои нави хизматрасонӣ, пиёда намудани стандартҳои байналмилалӣ ва технологияҳои нав дар бахши истихроҷи маъдан аҳамияти стратегӣ дорад. Ғайр аз ин рушди иншоотҳои инфрасохторӣ дар назар аст, ки барои фаъолияти босуръати конҳо ва инфрасохтори ёриррасон аз қабили хатҳои интиқоли барқ, таъмини об, роҳҳо ва ғайра заруранд. Гурӯҳи муштараки лоиҳавӣ аз оғози раванди тендерӣ дар амри гузаронидани таҷзияи техникию юридикии Лоиҳа, арзёбии пешакии захираҳои кон мутобиқ бо стандарти байналмилалии JORC кори зиёдеро анҷом дод. Бо истифода аз технологияҳои муосиртарине, ки дар соҳаи истихроҷи маъдан мавриди истифода қарор доранд, модели рақамии кон ва модели молиявӣ таҳия гардид. Ин модел тақсими маблағҳоро нишон дода, имкон медиҳад, ки ҳассосияти Лоиҳа нисбат ба тағйири параметрҳои ибтидоӣ, аз қабили арзиши металл, хароҷоти асосӣ, андоз ва ғайра таҳлил карда шавад. Гурӯҳи муштараки лоиҳавӣ дар асоси ҳамаи ин тавсияномаҳои марбут ба сохтори лоиҳаи ояндаро таҳия намуд. Дар марҳалаи ҳозира барои анҷоми раванди тендерӣ таҳти раёсати Сарвазири кишвар Оқилов О.Ғ. Комиссияи ҳукуматии тендерӣ таъсис ёфтааст.Комиссияи ҳукуматии тендерӣ аллакай бо иштирокдорони тендер як қатор гуфтушуниди машваратӣ доир намуда, барои таҳияи намунаҳои ниҳоии ҳуҷҷатҳои тендерӣ қарорҳои дахлдор қабул кардааст, ки дар онҳо пешниҳоди иштирокдорони тендер ба дараҷаи баланд ба назар гирифта шудаанд.Ғайр аз ин, дар ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ зарурати қабули қонуни нав дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ муайян гардид. Ин имкон медиҳад, ки зиёни сармоягузор ба андозаи зиёд коҳиш дода ва устуворияту суботи Лоиҳа таъмин гардад. Басо муҳим аст, ки дар ҷараёни омодагӣ вазъи экологию иҷтимоии маҳалли ояндаи Лоиҳа арзёбӣ гардад. Ин заминаи таъмини ҳифзи муҳити зист дар ҳошияи татбиқи лоиҳа мегардад. Ғайр аз ин, барои тарҳрезии ҷанбаҳои иҷтимоии лоиҳа кори зиёде анҷом дода шудааст. Мақсадҳои ҳукумат нисбат ба лоиҳаи мазкур рушди иқтисодию иҷтимоӣ буда ва ҳадафҳои зеринро дар назар дорад: — вориди устувору дарозмуддати андоз; — ҷалби сармояҳо, ки ба рушди иқтисодӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат мекунанд; — таҳкиму тағйирдиҳии заминаи истеҳсолии кишвар, афзун намудани рақобатпазирии он бо роҳи беҳдошти тиҷорат ва умуман муҳити иқтисодиёт, ки ин онро барои сармоягузорони байналмилалӣ, ки ҷиҳати тарҳрезии лоиҳаҳои калону мураккаб имкониятҳои молиявӣ ва таҷрибаи техникӣ доранд, ҷолибтар мегардонад.Дар назар аст, ки тарҳрезии Лоиҳа ба иқтисодиёти кишвар ва некӯаҳволии аҳолии он таъсири бузурги мусбат мерасонад.Мувофиқи ҳисоботи пешакии коршиносон, ҳаҷми воридоти ояндаи молиявӣ ба буҷаи мамлакат, аз ҷумла бо назардошти андоз, метавонад дар ҳудуди аз 3 то 5 миллиард доллари ИМА – ро ташкил диҳад. Истифодаи маблағҳо 3 миллиард доллари ИМА – ро барои истихроҷи маъдани кон ва қариб 500 миллион доллари ИМА – ро барои эҷоди инфрасохтор, аз ҷумла таъмини энергия, об ва нақлиёт ташкил медиҳад. Тайи 5 соли бунёди кон мустақиман 10 000 нафар киро гирифта ва то 2000 коргарони баландихтисос дар давраи истифодабарӣ ҷалб карда мешаванд. Бо назардошти таъсири чунин лоиҳаи калон бобати истихроҷи маъдан метавон тахмин кард, ки Лоиҳа дар давоми марҳалаи 25 — солаи истифодабарӣ беш аз 15 000 ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад. Ба ҳамин тариқ, Лоиҳа ҷойҳои пурқиммати корӣ фароҳам оварда, ба бозгашти коргарони баландихтисос ба кишвар ҳисса мегузорад. Таъсири бевоситаи Лоиҳаи мазкур ҳатто назар ба таъсири мустақими он муҳимтар аст. Конимансури калон метавонад лоиҳаи тағйирдиҳанда барои Тоҷикистон гардида ва дар сурати муваффақона анҷом ёфтан ва идораи оқилонаи он симои иқтисодии кишвар ва заминаи иқтисодии онро тағйир медиҳад. Анҷоми муваффақонаи Лоиҳа имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни ширкатҳои маъдани байналмилалӣ машҳур созем. Ин, дар навбати худ, ба ҷалби сармояҳои дигар барои татбиқи нерӯи бузург дар ин бахш мусоидат мекунад. Ин ҳамчунин дари кишварро чун бозори потенсиалии сармоягузороне мекушояд, ки ба ҷудо кардани маблағ барои рушди инфрасохторҳо, корхонаҳо ва хизматрасонӣ манфиатдоранд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин имконияти нодир дорад, ки дар амри татбиқи лоиҳаҳои истихроҷи маъдан бо роҳи гузаронидани тендерҳои рақобатнок дар Осиёи Марказӣ пешсаф гардад. То имрӯз дар минтақа мисолҳои чунин лоиҳаҳои ҳаҷман калону мураккаби бахши соҳаи истихроҷи маъдан, ки аз рӯи онҳо бо иштироки ширкатҳои калонтарини истихроҷи маъдани ҷаҳон тендерҳои шаффофу рақобатпазири байналмилалӣ гузаронида шуданд, вуҷуд надорад. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки коршиносони бахши истихроҷи маъдан дар тамоми минтақа ба воқеият бо диққат назар карда, мехоҳанд бинанд, ки магар мо ин лоиҳаро муваффақона дар амал татбиқ карда метавониста бошем. Анҷоми муваффақонаи Лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад. ки худро дар арсаи минтақа ба таври мусбат нишон дода, исбот кунад, ки ширкатҳои калонтарини истихроҷи маъдани ҷаҳон метавонанд дар кишвари мо муваффақона кор кунанд.Татбиқи муваффақонаи Лоиҳа аз нигоҳи амалӣ вобаста ба дидани чораҳои иловагӣ ба манзури беҳдошти муҳити соҳибкории ҶТ ва афзун намудани ҷолибияти он барои ҷалби сармоягузорони калони ҷаҳон мебошад. Тасдиқи Созишномаи Ню – Йорк дар бораи эътирофи тасмимҳои судҳои арбитражи байналмилалӣ ҷиҳати коҳиш додани зиёни сармоягузорони ҷаҳонӣ, қабули Қонуни нав дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ, ки мақсад аз он фароҳам овардани муҳити муосиру пешқадами қонунгузории ҷаҳонӣ барои лоиҳаҳои калони стратегӣ, ташкили равзанаи Лоиҳа мебошад, басо муҳим аст. Вазифаи он иборат аз раванди татбиқи Лоиҳаро назорат кардани Ҳукумат мебошад. Ташкили чунин мақомоти барои самарабахшии бештар ҳангоми дар амал татбиқ намудани Лоиҳа ва коҳиш додани зиёни сармоягузорон зарур мебошад. Тоҷикистон имкон дорад, ки Лоиҳаро воситаи дигаргуниҳо намуда, барои татбиқи модели таърихии рушди мамлакат аз фурсат истифода барад. Ин раванди тӯлонӣ буда, таваҷҷӯҳи зиёдеро талаб кунад ҳам, вале самараҳое мебахшад, ки ба наслҳои минбаъда фоида меоранд. Табиати тағйирдиҳандаи Лоиҳа қувва бахшида, мушорикону мададгорони кишварамонро, ки барои тағйирдиҳӣ ва дастгирии ислоҳоти мамлакат кор мекунанд, муттаҳид месозад. Ин имкон медиҳад, ки бисёр нуқсонҳои юридикию танзимотӣ аз байн бурда, Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигаре, ки дар бахши ҷалби сармояҳои байналмилалӣ рақобат мекунанд, пешқадам гардад.Мураккабии татбиқи Лоиҳа бо ҳаҷми он қиёспазир бошад ҳам, вале бартарияти қудратии он басо бузург аст. Ин имконияти нодирест, ки набояд аз даст равад. Ҳоло вақти амал расидааст! Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Д.Ш.