Корхонаҳои нави саноатӣ дар вилояти Суғд
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Соли 2012 дар вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба техникаи кишоварзӣ бунёд мешаванд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, як қисми ин корхонаҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кор шурӯъ карда, семент, санги мармар ва хишт тавлид намуда ва бо ин васила бозори дохилии кишварро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мекунанд. «Корхонаҳои нави шимоли кишвар ҳам бо маблағи ширкатҳои маҳаллӣ ва ҳам ширкатҳои хориҷӣ бунёд мешаванд. Ҳоло теъдоди чунин корхонаҳо ба 70 расида ва дар онҳо беш аз 4 ҳазор нафар кор мекунанд», — қайд намуд манбаъ.Қобили зикр аст, ки соли 2011 дар ҳудуди вилояти Суғд 65 корхонаи саноатии истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, мева ва нахи пахта ба истифода дода шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






