Кормандони ВКД барои камбудиҳо аз вазифа озод шуданд
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар» , Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ, бахусус пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ки яке аз ҷиноятҳои нангин ба шумор рафта, ба номи корманди мақомот иснод меорад, дар ВКД ҷаласаи махсуси фаврӣ доир шуд. Дар ҷаласа вазири корҳои дохилӣ аз содиршавии чунин ҷиноятҳо изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки танҳо дар муддати кўтоҳи сипаришудаи соли равон 8 корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои содир намудани 9 ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карда шуданд, ки ин аз бемасъулиятиву иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби баъзе аз роҳбарони сардорони раёсату шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, зери назорати қатъӣ нагирифтан ва тарбия накардани кадрҳои ҷавон, таҳлилу баррасӣ нанамудани омилҳои асосии даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад, ки ба ин гуна ҷиноятҳо шароит фароҳам овардааст. Хамчунин аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ сардорони РКД-и шаҳри Душанбе, РБДА, хадамоти бақайдгирӣ ва шиносномадиҳӣ ва раёсатҳои фаврии мақомот барои назорати қатъии фаъолияти ҳайати шахсӣ ҳушдору мавриди пурсиш қарор дода ва баъзе аз онҳо ба ҷазоҳои интизомӣ ҷалб карда шуданд.Инчунин барои вайрон намудани интизоми хизматӣ ва ҷой доштани камбудиву норосоиҳо дар фаъолияташон як қатор кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири раёсат ва шўъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Дар ин ҷаласа инчунин масъалаи ришваситониву муносибати дағалонаи кормандони бахши БДА ВКД низ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд ва як гурӯҳ кормандони он ба ҷавобгарии интизомӣ кашида ва барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дар ин самт ба роҳбарияти раёсати мазкур таъкиду дастурҳои мушаххас дода шуд. Инчунин бозраси калони гурӯҳи бақайдгириву имтиҳонотии бахши Бозрасии давлатии автомобилӣ, подполковники милиса Умаралӣ Шаропов барои сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ ба ноболиғ додани иҷозатномаи дараҷаи ронандагии мусофиркашонӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.Қайд кардан зарур аст, ки бисёре аз ҷиноятҳое, ки дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, бевосита бо ёриву маълумоти сари вақт пешниҳод намудаи шаҳрвандон ошкор гардидаанд. Вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо барои ҳамкорияшон изҳори сипос менамояд.Хамчунин ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони боварӣ бо рақамҳои 221-21-21 ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд, ҳар нафар метавонад, ошкоро ва ё махфиёна доир ба содиршавии ҳама гуна қонуншиканиву ҷиноятҳо хабар диҳад. Ҳангоми тасдиқи хабарҳои мазкур шаҳрванд барои саҳм гузоштан дар пешгирӣ ва коҳиши ҷинояткорӣ мукофотонида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






