Курсиҳои холии Маҷлиси миллӣ пур мегарданд
Душанбе, 24 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фардо-25 феврал дар се ҳавзаи интихоботӣ — Суғд №2, Хатлон №3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки охири моҳи январи соли равон Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ чор нафар номзадро, ки аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ гардида буданд, ба қайд гирифта буд: Иброҳим Абдуллоев- узви ҳизби коммунистии Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан, Абдуҷон Таваккалов- узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ, Саидумрон Абдураҳмонов, аъзои ҲХДТ, раиси ноҳияи Рашт ва Саймурод Тағоев-узви ҲХДТ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ. Бояд тазаккур дод, ки 15 декабри соли 2011 дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони мамлакат ваколати се нафар узви Маҷлиси миллӣ -Муним Холиқов, собиқ раиси шаҳри Истаравшан, собиқ раисони ноҳияҳои Рӯдакию Панҷ Мансур Қодиров ва Мирзодавлат Сабуров бо хоҳиши онҳо қатъ гардида буд. Инчунин нимаи соли 2011 вобаста ба марги нобаҳангоми узви Маҷлиси миллӣ, собиқ раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколати марҳум низ қатъ гардид. Аз ин рӯ, алҳол дар Маҷлиси миллӣ 6 курсӣ холист, зеро ду нафар узви палатаи болоии парлумони мамлакат- Матлубхон Давлатов ва Нуриддин Саидов бо фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ муовини аввали Сарвазири кишвар ва вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин гардиданд. Маҷлиси миллӣ-палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 34 узв дорад ва 25 нафари онҳоро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб менамоянд, 8 нафари дигар бо Фармони Президенти мамлакат таъин карда мешаванд. Инчунин собиқ президентҳои Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки то охири умр узви палатаи болоии парлумон бошанд. Қаҳҳор Маҳкамов, собиқ Президенти Тоҷикистон алҳол узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурист.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






