Лоиҳаи пилотӣ татбиқ гардид
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҶТ ва Намояндагии Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе маросими супоридани шаҳодатномаҳои хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русӣ ва касбомӯзӣ доир гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев ба фаъолияти якҷояи Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати татбиқи лоиҳаи пилотӣ бо намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуд ва зикр кард, ки дар шароити муосир барои омӯзиши бозори меҳнат касбу ихтисоси замонавӣ ва донистани забони русӣ ва англисӣ шарти асосии талаботи кишварҳои қабулкунанда мебошад.Дар татбиқи лоиҳа шӯъбаҳои Хадамоти муҳоҷират аз қабили омӯзиши касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, қабул ва маслиҳатдиҳӣ, мониторинги бозори меҳнат ва дигарон саҳмгузорӣ намуданд.Муовини вазири маориф Фарҳод Қодиров доир ба аҳамияти касбомӯзӣ ва забономӯзӣ гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид шудан ба бозори меҳнати кишварҳои хориҷӣ доштани ихтисос ва донистани забон мебошад. Вазорати маориф дар оянда тасмим дорад, ки теъдоди касбомӯзандагонро ба бист ҳазор нафар расонад.Роҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Себелев доир ба раванди татбиқи лоиҳаи пилотӣ маълумот дода, аз рафти иҷрои лоиҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд.Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи пилотӣ аз 1-уми сентябри соли 2011 барои 100 нафар ҷавон пешбинӣ гардида, онҳо касбҳои харротӣ, кафшергари газию барқӣ ва устои барқро азхуд намуданд. Дар оянда низ чунин иқдом дар назар аст. Шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат аз ҷониби меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






