Муҳокимаи фаъолияти хоҷагиҳои таҷрибавӣ
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дастовардҳои илмии олимон дар ташкилоту муассисаҳои Академия ва дигар хоҷагиҳое, ки дар онҳо тадқиқоти илмӣ гузаронида мешавад, дар истеҳсолоти кишоварзии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таври васеъ мавриди татбиқ қарор доранд,- иброз дошт президенти Академяи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон академик Ҳикматулло Аҳмадов зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар». Фаъолияти хоҷагиҳои таҷрибавӣ, стансияю пойгоҳҳо дар ду ҷаласаи васеи Раёсати Академияи ҳаматарафа муҳокима гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти илмиию истеҳсолии онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани сифати тадқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаи он дар истеҳсолот, тарғиби дастовардҳо, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва иҷрои корҳои эъҷодӣ муваффақияти бештареро Академияи илмҳо ба даст овард. Ҳамкориҳои муассисаҳои Академия бо ташкилоти байналмилалии «АСИРО», «МАГАТЭ», «ИКАРДА», «СИДА», «ФАО» ва як қатор муассисаҳои илмии ИДМ то рафт густариш меёбанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






