Муҳокимаи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ Саид Навид Қамар мулоқот анҷом дод.Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки соли 2011 ҳар ду ҷониб тавонистанд, барои татбиқи нақшаҳои пешбинишуда як қатор тадбирҳои муҳим андешанд. Ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки Конфронси панҷуми пешорӯи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон метавонад иқдоми басо муҳиме дар амри сулҳу суботи Афғонистон гардад. Саид Навид Қамар изҳор дошт, ки дар конфронс иштирок хоҳад кард. Ҷонибҳо аҳд намуданд, ки то охири соли 2012 дар шаҳри Исломобод иҷлосияи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир карда шавад








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






