Муҳокимаи масъалаҳои назорати дохилии молиявӣ

Февраль 27, 2012 15:03

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ба манзури иҷрои супориши техникии лоиҳаи Комиссияи аврупоии «Дастгирии назорати давлатии дохилии молиявӣ дар Тоҷикистон» дар Вазорати молияи ҶТ таҳти раёсати муовини вазири молия Шафкат Соҳибов ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунанда оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаи Комиссияи аврупоӣ баргузор гардид. Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа роҳбари лоиҳаи Комиссияи аврупоӣ В.Томева ба ҳозирон аз кори дар давраи ҳисобот анҷомёфта хабар дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки барои гузаронидани аудити дохилӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ «Усулномаи тартибдиҳии ҳисоботи солонаи таҳлилӣ дар бораи аудити дохилӣ» тренингҳо доир намуда, дастурномаҳои методӣ барои тартиб додани дурнамоҳои солона оид ба аудит тарҳрезӣ шудааст. Алҳол семинари амалӣ ҷиҳати омӯзиши шаклҳои нав, мазмун ва тартиби пешниҳоди ҳисоботи аудиторӣ аз рӯи натиҷаи тафтишот гузаронида мешавад. Аъзои Кумитаи роҳбарикунанда тасмим гирифт, ки дар оянда тарҳрезии марҳилавии дастурҳои методологӣ аз рӯи фаслҳои дигари «Роҳнамо оид ба аудити дохилӣ» давом дода мешавад. Аъзои Кумитаи роҳбарикунанда нақшаи тадбирҳои ояндаро бо назардошти иловаю тавсияҳо маъқул ёфтанд.

Февраль 27, 2012 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд