Муаррифии боз як нерӯгоҳ

Февраль 9, 2012 09:49

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта, бо мақсади истифодаи пурраи захираҳои обии энергетикии дарёи Вахш ҳангоми тарҳрезии лоиҳаи иншооти гидротехникии НБО-и Роғун ба роҳ мондани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб ба миён омад, ки дар маҷмӯъ бо дигар нерӯгоҳҳо системаи силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахшро ташкил медод.Сохтмони НБО-и Шӯроб аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва экологӣ ба муҳити зист ягон таъсир намерасонад ва дар рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосиро мебозад. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 862,5 МВт буда, дар як сол 3,2 млрд. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Дар сурати оғоз ёфтани сохтмони нерӯгоҳ зиёда аз 3 ҳазору 600 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ таъмин хоҳад шуд.Боиси хушнудист, ки бори аввал чунин лоиҳаи калон аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ таҳия ва пешбарӣ карда шудааст: -зикр кард директори Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» Т. Ҳакимов.Дар муаррифии лоиҳа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» ва намояндагони НБО-и Роғун, КВД «Талко» иштирок намуда, сухан гуфтанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд

Февраль 9, 2012 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд