Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ

Февраль 8, 2012 17:16

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар ҷаласаи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки 7 феврали соли равон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор гардид, масъалаҳои асосии рушди низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи дилхоҳи таваррум ва рушди воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии БМТ иттилоъ доданд, ки раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов диққати аҳли маҷлисро ба инкишоф додани хизматрасониҳои молиявию бонкии электронӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла қарзҳои дарозмӯҳлат барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, андешидани чораҳо барои таъмини бозгашти қарзҳои мушкилситон, рушди бозори коғазҳои қиматнок, баланд бардоштани устувории молиявӣ ва фоиданокии бонкҳо, инкишофи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷалб намуд.   Аз рӯи иттилои раиси бонк заиф шудани вазъи молиявии бонкҳо метавонад ба вазъи умумии иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар фаъолияти хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд ва дар рушди бахши воқеии иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ саҳми худро гузоранд. Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва Ассотсиатсияи бонкҳои ҷумҳурӣ перомуни мушкилоти мавҷуда ва беҳтар кардани вазъи низоми бонкии кишвар фикру андешаҳо ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Февраль 8, 2012 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд