Муродҷон медали биринҷӣ овард
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Имрӯз варзишгари шинохтаи тоҷик, ҷоизадори Бозиҳои Осиё-2010, аз чемпионати Осиё-2012, ки дар кишвари Куриё баргузор гардид, бо медали биринҷӣ ба ватан баргашт. Муродҷон Тӯйчиеви бистунӯҳсола зимни рақобатҳо дар вазни 120 кг бар ҳарифонаш ҳунари воло нишон дода, ба гирифтани ҷои саввум ноил шуд ва сазовори медали биринҷии мусобиқаи каҳрамонии Осиё гардид.Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Тӯйчиевро раиси Кумитаи мазкур ва ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба ҳузур пазируфта, бо ғалабааш табрику таҳният гуфт. Хамзамон Маликшо Неъматов аз номи Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муродҷон Тӯйчиев 5000 сомонӣ тӯҳфаи молӣ супорид. Дар навбати худ Муродҷон Тӯйчиев аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ равона хоҳад кард. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Тӯйчиев машқҳои худро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мегузаронад ва ба бозиҳои литсензионӣ омода мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






