Мусодираи беш аз 5 кг маводи нашъаовар
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 14 феврал кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ҷанубу шимоли кишвар беш аз 5 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Мувофиқи хабари сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, дар ҷараёни чорабиниҳои таъҷилӣ дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг ҳангоми аз назар гузаронидани бордони мошини сокини 35 – солаи маҳаллӣ 940 грамм афюн ва як килограмму 100 ҳашиш пайдо гардид. Дар ҷараёни амалиёти дуюм дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сокини 41 – солаи шаҳрчаи Нов дастгир шуда, аз бағоҷи ӯ 3 килограмм ҳашиш ёфт шуд. Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






