Нафақахӯрон миннатдоранд

Февраль 10, 2012 09:15

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Бонки давлатии «Амонатбонк»-и ҶТ, маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақахӯрон пардохтшуда 859 млн.147 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 20 млн. 402 ҳазори он бақияи пардохтнашудаи аввали соли 2011 мебошад.Шумораи нафақахӯрон то 1-уми январи соли 2012 (бе назардошти шумораи нфақахӯрони корманд) 554 ҳазору 445 нафарро ташкил дод. Доир ба пардохти нафақаю ёрдампулӣ аз ҳисоби маблағи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тавассути муассисаҳои «Амонатбонк» соли 2011 дар ВМКБ ба нафақахӯрон 53 млн. 201 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд -251 млн. 839, Хатлон – 291 млн. 523, шаҳри Душанбе – 88 млн. 465 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба андозаи 174 млн. 118 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст, ки беш аз 600 ҳазори онро ёрдампулиҳо ташкил доданд. Нафақахӯрон барои пардохти саривақтии нафақа аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва муассисаҳои «Амонатбонк» хеле миннатдоранд.

Февраль 10, 2012 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд