Нашри маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2012 17:10

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2009 таъсис ёфтааст. Дар ин муддат мақомоти Ваколатдор тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои мушаххасро амалӣ намуд.Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таърихӣ, яъне 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар радифи пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар такомулу пешрафти ҳуқуқи инсон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ҳимояи муваффақонаи нахустин Шарҳи умумии даврӣ (моҳи октябри соли 2011), муколамаҳои дутарафа ва бисёртарафа бо Иттиҳоди Аврупо, ИМА, давлати Швейтсария, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, конфронсу семинарҳои гуногунсатҳ аз ин қабиланд.Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳкимбахшӣ ва муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳои сазовор дод. Масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ҳифзи он аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии барномаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аврупо ва муколамаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо буданд.Дар маърӯза таҳлили вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мушкилоти ҷойдошта дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, корҳои анҷомдодашуда доир ба барқарорсозии ҳуқуқҳои халалдоршуда, тавсия ва пешниҳодҳо оид ба роҳҳои ҳалли камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷуда баён шудаанд. Хулосаҳо дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мониторингҳои гузаронидашуда, инчунин иттилооте, ки аз мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори омма ба даст омадаанд, пешниҳод карда шудаанд.Мақсади асосии маърӯза ҷалби таваҷҷӯҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон мебошад. Маърӯза ҳамчунин тақозо менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дар роҳи татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро ба сифати арзиши олӣ эътироф кардааст, чораҳои мушаххас андешанд.Маърӯза тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Маърӯза ҳамчунин барои дигар мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалие, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият доранд ва ба аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар шакли китоби алоҳида дар рӯзҳои наздик бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ ба нашр мерасад ва дар Сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо нишонии www.ombudsman.tj ва дигар васоити ахбори омма ҷой дода мешавад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солиев иттилоъ дод.

Февраль 27, 2012 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Санкт-Петербург бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо супорида шуданд
Бастаҳои «MIX»: интернети бештар бо нархи камтар
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Нақши соҳибкорони Панҷакент дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр назаррас аст
Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футзал гардид