Ниҳоди байналмилалӣ фаъолияташро тақвият мебахшад
Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро ҷиҳати тавсеаи муносибот бо Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБСС ҲА/ фароҳам овардааст, гуфт Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси Маҷлиси намоянлдагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо Евгений Парфёнов, роҳбари барномаҳои аврупоии ФБСС ва ҲА. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии федератсияи мазкурро баррасӣ карданд. А. Миралиев таъкид кард, ки дар ин замина парлумони Тоҷикистон барои рушди равобит фазои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки алоқаманди густариши ҳамкорӣ миёни якдигар ҳастанд. Амиршо Миралиев соли 2012 – ро соли истифодаи имконоти нав дар бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон бо ФБСС ва ҲА арзёбӣ намуд ва гуфт, ки равобити ҳасана омили асосии татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шуда метавонанд. Евгений Парфёнов, роҳбари барномаҳои аврупоии ФБСС ва ҲА сатҳи ҳамкории Федератсияи мазкурро бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон қонеъкунанда донист ва афзуд, ки Федератсия имсол ва солҳои минбаъда фаъолияти худро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, хусусан дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон тақвият мебахшад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






