Ниҳоди байналмилалӣ фаъолияташро тақвият мебахшад

Февраль 15, 2012 11:58

Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро ҷиҳати тавсеаи муносибот бо Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБСС ҲА/ фароҳам овардааст, гуфт Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси Маҷлиси намоянлдагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо Евгений Парфёнов, роҳбари барномаҳои аврупоии ФБСС ва ҲА. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии федератсияи мазкурро баррасӣ карданд. А. Миралиев таъкид кард, ки дар ин замина парлумони Тоҷикистон барои рушди равобит фазои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки алоқаманди густариши ҳамкорӣ миёни якдигар ҳастанд. Амиршо Миралиев соли 2012 – ро соли истифодаи имконоти нав дар бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон бо ФБСС ва ҲА арзёбӣ намуд ва гуфт, ки равобити ҳасана омили асосии татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шуда метавонанд.  Евгений Парфёнов, роҳбари барномаҳои аврупоии ФБСС ва ҲА сатҳи ҳамкории Федератсияи мазкурро бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон қонеъкунанда донист ва афзуд, ки Федератсия имсол ва солҳои минбаъда фаъолияти худро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, хусусан дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон тақвият мебахшад.  

Февраль 15, 2012 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!