Паради ҳарбӣ ба ифтихори солгарди ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 23 феврал ба ифтихори 19 – умин солгарди ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Ғалаба паради ҳарбӣ баргузор мешавад.Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қариб 3 ҳазор нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи ҶТ дар маросими парад қадам мезананд. Ба ин тантана роҳбарони Вазорати мудофиаи кишвар, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчунин оилаи хизматчиёни ҳарбӣ даъват шудаанд.Ғайр аз ин, алҳол дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томи Вазорати мудофиаи ҶТ, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба ин сана озмуну мусобиқоти варзишӣ сурат гирифта, вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






