Пешгирии воридоти ғайриқонунии фурўзонакҳои тафсон
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқуло).- Мақомоти гумрук ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарор «Доир ба баъзе чораҳои истифодаи самараноки энергияи барқ» фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани воридоти фурўзонакҳои барқии тафсонро пурзўр намуда, аз аввали соли ҷорӣ дар 16 ҳолат воридоти ғайриқонунии зиёда аз 54 ҳазор адад лампаи тафсонро қайд карданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ хабар доданд, дар аввали феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус ду ҳолати воридоти ғайриқонунии фурӯзонакҳои тафсонро ба миқдори умумии 51 ҳазору 120 адад, ки тавоноиашон 100 ваттӣ мебошад, ошкор ва пешгирӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки ашхоси алоҳида бо мақсади даромади муфт ба даст овардан дидаву дониста талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намуда, теъдоди зиёди лампаҳои тафсонро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид карданӣ мешаванд.Нисбат ба ин ҳолатҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






