Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд
Душанбе, 17 феврал . (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуд.Дар машварат рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омўзиши низоми таъини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақа баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таъмини адолати иҷтимоӣ дар ин соҳа аз вазифаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад.Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, ки вазъи ин соҳаро мавриди санҷишу омўзиш қарор диҳанд ва барои ислоҳи ҳолатҳои номатлуб чораҳои мушаххас андешида, ба ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






