Пули то ҳол насохта
Кӯлоб, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Соли 2005 дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Панҷ ва бориши зиёд сел омад ва аксари пулҳо ва хонаҳои истиқоматии мардумро вайрон кард. Аз ҷумла, пулҳои деҳаҳои Кодара, Сафедоб аз ҷамоати «Калинин», ҷамоати «Турдиев», деҳаи Файзобод ва пули миёни деҳаи Тагноб хароб шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин ноҳия расман супориш дода буд, ки ҳатман пулҳо барқарор шаванд. Вале ба ҷуз панҷарапӯш кардани баъзе мавзеъҳои фурӯрафта бо сангу семент то ҳол ягон пулро барқарор накардаанд. Ҳол он ки барои ин кор аз буҷаи давлат маблағ ҷудо шуда буд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






