Сафар ба Гуми Куриёи Ҷанубӣ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо мақсади тарғиби вазнбардорӣ байни наврасон ва ҷавонон аз 25 то 26 феврали соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба вазнбардорӣ байни варзишгарони то синни 18 сола бахшида ба таҷлили 20 – солагии иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.Дар мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва минтақавӣ дар вазнҳои аз 38 то 62 кг ширкат ва қувваозмоӣ менамоянд. Дастаҳо метавонанд дар 2 вазн 2 нафар варзишгарро пешниҳод намоянд.Ҳамчунин аз 16 то 20 феврали соли равон аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гӯштини юнонию румӣ варзишгарон Фазриддин Алланазаров, Фаррух Беков; Манучеҳр Алиев, Аҳмад Қодиров, Ҳабибулло Абдуллоев, Муродҷон Тӯйчиев ваБаҳром Орипов –мураббии даста ҷиҳати иштирок дар чемпионати Осиё ба шаҳри Гуми давлати Куриёи Ҷанубӣ сафар мекунанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






