Сафари донишҷӯёни тоҷик ба Куния
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Беш аз 40 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои олии шаҳри Анқараи Туркия таҳсил менамоянд, бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба қадимтарин шаҳри ин кишвар — Куния сафар карданд. Донишҷӯён дар ҷараёни сафарашон осорхона ва оромгоҳи мутафаккир ва шоири бузурги тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Румиро зиёрат намуданд.Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷик дар маркази фарҳангии «Мавлоно» дар семинар бахшида ба таҳқиқи таълимоту эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ иштирок карданд. Зимни вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони Ассосиатсияи байналмилалии донишҷӯён ба номи Мавлоно перомуни ҳамкории шӯрои донишҷӯёни тоҷики муқими Туркия ва Ассосиатсияи байналмилалии донишҷӯён созиш ба даст омад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






