Сарҳади давлатӣ муайян шуд?

Февраль 1, 2012 16:45

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ масъалаи делимитатсия (тақсим) ва демаркатсия (муайян кардани сарҳад) –и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ба ҳисоб меравад.Дар давоми соли 2011 кормандони кумита дар ҳайати комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар ҷаласаҳое, ки дар шаҳри Душанбе ва моҳи ноябри соли 2011 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин дар вохӯриҳои ҳайати гурӯҳи кории топографӣ моҳҳои март – августи соли 2011 дар шаҳри Исфана ва шаҳраки Дорот — Қӯрғони Ҷумҳурии Қирғизистон ва моҳи декабри соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд, иштирок намуда, аз натиҷаи гуфтушунидҳо ба таври расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намуданд. Аммо барои пурра анҷом додани масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳад боз корҳои зиёд дар пеш аст. Ба иттилои манбаъ, дар соли 2012 гуфтушунид оид ба масъалаи аломатгузории сарҳадӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон идома хоҳад ёфт. Дар назар аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аввалин гуфтушунид дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ки он барои тарафҳо хеле ҷолиб хоҳад буд.

Февраль 1, 2012 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид