Семинар дар ноҳияи Шоҳмансур

Февраль 23, 2012 12:10

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе семинари шаҳрии ҷонишинони директор доир ба корҳои тарбиявӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва 12- солагии таъсисёбии Созмони талабагӣ баргузор гардид.  Дар семинар меҳмонон аз сохтору идораҳои дахлдор, инчунин ҷонишинони директорони мактабҳои шахри Душанбе ширкат намуданд. Дар ибтидо аз ҷониби хонандагони мактаб бахшида ба 19- умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ барномаи адабию бадеӣ пешниҳод шуд. Дар барнома хонандагон дар васфи Ватан шеъру суруд хонда, инчунин бо саҳначаҳои ҳаҷвию рақсҳои мавзун хотири ҳозиринро болида гардониданд. Дар семинар сардори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Холов аз вазъи корҳои тарбиявӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии нохияҳои шаҳри Душанбе сухан гуфт ва бо истифода аз фурсати муносиб муҳассилинро бо иди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, онҳоро ба худогоҳиву меҳанпарварӣ ва ифтихор аз ватани маҳбуб ҳидоят намуд. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамин гуна семинарҳо аз тарафи Муассисаи кӯдакон ва наврасон ҳар моҳ ташкил карда мешавад.

Февраль 23, 2012 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад