Семинар дар ноҳияи Шоҳмансур
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе семинари шаҳрии ҷонишинони директор доир ба корҳои тарбиявӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва 12- солагии таъсисёбии Созмони талабагӣ баргузор гардид. Дар семинар меҳмонон аз сохтору идораҳои дахлдор, инчунин ҷонишинони директорони мактабҳои шахри Душанбе ширкат намуданд. Дар ибтидо аз ҷониби хонандагони мактаб бахшида ба 19- умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ барномаи адабию бадеӣ пешниҳод шуд. Дар барнома хонандагон дар васфи Ватан шеъру суруд хонда, инчунин бо саҳначаҳои ҳаҷвию рақсҳои мавзун хотири ҳозиринро болида гардониданд. Дар семинар сардори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Холов аз вазъи корҳои тарбиявӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии нохияҳои шаҳри Душанбе сухан гуфт ва бо истифода аз фурсати муносиб муҳассилинро бо иди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, онҳоро ба худогоҳиву меҳанпарварӣ ва ифтихор аз ватани маҳбуб ҳидоят намуд. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамин гуна семинарҳо аз тарафи Муассисаи кӯдакон ва наврасон ҳар моҳ ташкил карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






