Сокинони пойтахт 71 фоизи маблағи истифодаи барқро пардохтаанд
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Шабонарӯзҳои гузашта сокинон ва корхонаҳои шаҳри Душанбе 14 миллиону 659 ҳазор киловатт – соат нерӯи барқро истифода намуданд, ки ин назар ба рӯзҳои гузашта қариб 1 миллион киловатт – соат зиёд аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд. «Дар ҳоли ҳозир қувваи барқ ягона манбаи гармидиҳӣ ва равшанӣ ба шумор меравад. Вале аҳолии шаҳри Душанбе ба қадри кофӣ нерӯи барқро дастрас намуда, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи онро фаромӯш мекунанд», — зикр намуданд дар хадамоти матбуоти ширкати мазкур.Масалан, моҳи январ аҳолии шаҳри Душанбе нерӯи барқро ба маблағи 19 миллиону 588 ҳазор сомонӣ истифода намуда, вале ҳамагӣ 13 миллиону 90 ҳазор сомонӣ пардохт кардаанд, ки ин фақат 71 фоизро ташкил медиҳад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






