Созишномаи байни Тоҷикистону Русияро парлумон баррасӣ намуд

Февраль 27, 2012 13:51

Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, муҳокима гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат иттилоъ медиҳад, ки аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карданд. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро доир ба масъалаҳои мазкур табодули назар намуда, изҳор дошт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур такмили фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, истифодаи самараноки об ва мутобиқ намудани онҳо ба қонунҳои амалкунанда мебошад.

Февраль 27, 2012 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад