Суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони Аврупо
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ҷаласаи кушоди ҳайати Парлумони Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев дар баромади хеш мушкилиҳоеро, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯст, аз ҷумла норасоии барқ, масъалаҳои муҳити зист ва камбудиҳои нақлиётиро матраҳ намуд.Доир ба мушкилии энергетикӣ Намояндаи доимӣ таъкид кард, ки ба иқтидори бузурги энергетикии Тоҷикистон нигоҳ накарда (иқтидори он 527 млрд. кВт/с арзёбӣ мегардад), Тоҷикистон дар фасли зимистон аз норасоии барқ танқисӣ мекашад. Сафир Р. Солиев ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён расонид, ки НБО-ҳои хурд ва миёна талаботи энергетикии Тоҷикистонро пурра қонеъ намегардонанд ва ба рушди соҳаи саноат мусоидат нахоҳанд кард. Ӯ таъкид сохт, ки мушкилӣ танҳо тавассути сохтмони НБО-и Роғун, ки иқтидораш 3600 мВт аст, ҳал хоҳад шуд.Яке аз нуқтаҳои дигари баромади сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ба масъалаҳои экологии минтақа, аз ҷумла идораи захираҳои об, хушкшавии баҳри Арал ва фаъолияти Ширкати алюминийи тоҷик дар пешгирии олудагии муҳити зист вобаста буд. Вобаста ба фаъолияти Ширкати алюминийи тоҷик дар пешгирии олудагии муҳити зист сафир иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати Hydro Aluminum корхонаи алюминии тоҷик бо филтрҳои нави дунизома ҷиҳозонида шудааст, ки пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст. Дар хотима Сафир иброз дошт, ки талошҳои саривақтӣ ва муштарак ба кишварҳои минтақа имконият медиҳанд, ки ба чолишҳои муосир муқовимат нишон дода, роҳҳои дурусти ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ва ба миёномадаро пайдо намоянд. “Мавқеи умумиминтақавӣ нисбат ба истифодаи захираҳои обу энергетика дар Осиёи Марказӣ ба идораи самараноки захираҳои об баҳри таъмини об, энергетика, озуқаворӣ, амният, рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани некӯаҳволии мардум ва ноил шудан ба рушди пойдори тамоми минтақа мусоидат менамояд”, — хулоса кард Сафир.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






