Тағйирот ба қонуни конститутсионӣ

Февраль 13, 2012 11:33

Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 13 феврал баргузор гардид, баррасӣ шуд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуданд.

Февраль 13, 2012 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд