Тақдими эътимодномаҳо ба Сарвари давлат аз ҷониби сафирон

Февраль 1, 2012 13:30

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло).-Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Италия, Дания, Ирландия, Словакия, Литва, Эстония, Исроил ва Ветнам эътимоднома қабул намуд. Сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлат пас аз супоридани эътимоднома ба хабарнигорони ВАО андешаҳояшонро баён намуданд. Аз ҷумла, Филипп Мак Дона, сафири фавқулодда ва мухтори Ирландия дар Тоҷикистон гуфт: бисёр шарафманд ҳастам, ки якчанд лаҳза пеш супоридани эътимоднома ба ҳайси сафири Ирландия дар Тоҷикистон ба Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон муяссарам гардид. Новобаста аз он, ки фосилаи ҷуғрофии байни Тоҷикистон ва Ирландия хеле дур ва тӯлонист, вале фикр мекунам тамоми замина барои наздик шудани ин ду кишвар муҳайёст, зеро имсол Ирландия роҳбарии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бар ӯҳда дорад.  Ман мутмаинам, ки муносибатҳо бо ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи иштирок дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва инчунин дар чаҳорчӯби ниҳодҳои тахассусии Иттиҳоди Аврупо дар солҳои наздик боз ҳам тақвият тайдо мекунанд. Ман тамоми талошҳои худро барои он харҷ мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мо бо ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам равнақу густариш ёбанд.Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Дания дар Тоҷикистон ҷаноби Йенсен зикр намуд: субҳи имрӯз ман бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намудам. Ман фикр мекунам, ки муносибатҳои мо бо Тоҷикистон минбаъд низ идома меёбанд, махсусан он лоиҳаҳое, ки оғоз шудаанд, дар соли нав ҷараёни тоза мегиранд. Муҳимтарини онҳо масъалаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ мебошад. Шӯрои Аврупо дар айни замон як мулоқотро бо Тоҷикистон доир карданист, ки он охири моҳи феврал баргузор мегардад ва мо боварӣ дорем, ки пас аз баргузории ин мулоқот муносибатҳои мо боз ҳам бештар тақвият меёбанд.Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Словакия Юрай Сивачек дар навбати худ қайд намуд, ки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Словакия ду кишвари бо ҳам дӯст буда, миёни онҳо ҳамкориҳои неки дӯстона ривоҷ меёбанд. Миёни ин ду кишвар дар соҳаи тиҷорат ҳамкориҳои густурдаро метавон ба роҳ монд.Яан Хейн, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Тоҷикистон ҳамчунин қайд намуд, ки аз барқарор гардидани муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эстония хеле шод аст ва умед мекунад, ки дар оянда миёни ин ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, бахусус сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорон ба Тоҷикистон муносибатҳо бештар равнақу ривоҷ меёбанд.Риккардо Монаро, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон иброз дошт: мо як мулоқоти бисёр пурмӯҳтаво бо ҷаноби Президент доштем ва он ба хотири супоридани эътимодномаҳои мо ба ҷаноби Президент доир гардид. Зимни суханронии пурмӯҳтавои худ ҷаноби Президент аз баъзе бахшҳои ҳамкории ҶТ бо Италия ёдовар шуданд.Италия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳои калидӣ ва мубрам дар саҳнаи байналмилалӣ назари ягона доранд ва яке аз рисолати муҳими ман зимни татбиқи вазифаи худ ба ҳайси сафир- ин боз ҳам густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои мо дар чаҳорчӯби ин созмонҳо мебошад.Умуман, мо нақши хеле бузург ва талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлат ва сохтори давлатдорӣ хуб дарк менамоем. Бинобар ин мо ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Италияро хеле баланд арзёбӣ менамоем ва барои густариш ва рушди минбаъдаи муносибатҳои байни ҳарду кишвар талошҳоямонро дареғ нахоҳем дошт. Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Исроил Хилел Нюман низ дар навбати худ иброз дошт, ки муносибатҳои давлати Исроил бо Тоҷикистон хеле хислати нотакрор доранд, зеро таърихи муносибатҳои ҳамкориҳои ду кишвар аз қарнҳои пеш сарчашма мегиранд. Ҷомеаи яҳудиҳо солҳои пешин дар Тоҷикистон дар осоиштагӣ умр ба сар мебурд. Ҷомеаи яҳудиёни бухорӣ, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Исроил рафтаанд, ҳар замон бо ҳисси ифтихор ва суханҳои нек аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаклу шеваи зисташон дар ин кишвар ёдовар мешаванд.Мо имсол 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипламатии байни давлати Исроил ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Давлати Исроил омодааст ба хотири густариш ва пешбурди минбаъдаи муносибат ва ҳамкориҳои мо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули таҷриба намояд. Зимни суханронии худ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳои мо дар риштаи тандурустӣ ва кишоварзӣ ёдовар шуданд. Мо муносибатҳо ва ҳамкории минбаъдаи худро дар вуруд ва истифодаи технологияи муосир ва инчунин истифодаи иншооти энергияи манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи офтобиро пешниҳод мекунем . Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Литва Рокас Бернотас иброз дошт: мо ният дорем бо Тоҷикистон муносибатҳоро дар бахши тиҷорат ва туризм ба роҳ монем.Сафири фавқулодда ва мухтори Ветнам Ле Ман Луан низ гуфт, ки миёни Тоҷикистону Ветнам муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ вуҷуд доранд. Сармоягузорони ветнамӣ мехоҳанд дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Вай ҳамчун сафир кӯшиш менамояд, ки ин муносибатҳо равнақи тоза касб намоянд.

Февраль 1, 2012 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад