Тасдиқи Фармонҳои Президент
Душанбе, 1 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюм, ки 1 феврал таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, як қатор фармонҳои Президенти мамлакатро тасдиқ намуд. Ин фармонҳо «Дар бораи аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода», «Дар бораи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Абдуҷаббор Ширинов», «Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Тӯрақул Ҳақназаров» ва «Дар бораи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Абдукарим Неъматов» мебошанд. Ҳамзамон дар ҷаласа тибқи Қарори Маҷлиси намояндагон намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Абдураҳмон Хонов узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






